Табрикот барои зодрузи модар
Dating > Табрикот барои зодрузи модар
Download links: → Табрикот барои зодрузи модар → Табрикот барои зодрузи модар
Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Ба боғи ҳусн лабҳои таратро, Чу барги ёсамин гуем хато нест.
Зинлагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми туст Офтоби бахт доим дар сарат нурпош бод. Ҳар суб ҳ туро сафо расонад, Ҳам давлати беба ҳ о расонад. Зодрузи ту буи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Сипас сар мекунам сухан гуфтанро. Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд! Умедворам қалбат ҳеҷ гоҳ аз ман гилламанд набошад. Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон, Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон. Бо эҳтироми беҳудуд ошиқи шайдоят «Ном? Скачивайте и смотрите океан бесконечного видео в хорошем качестве. Хоҳамат бахт-бахти яктое, Ки дили зиндагӣ барафрузад.
Бо эҳтироми камол дустат «Ном? Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Ва ин чанд шеьри нокобилро барои ту мебахшам.!
Табрикот ба модар «Зодрӯз муборак!» - Шояд ӯ аз шумо хеле дур аст, шояд банд аст ва ғайра. Бо эҳтироми камол дустат «Ном?
Табрикот барои зодрузи нафари азиз ки пур аз суханхои самимона аз самими калб барои шумо дар ин сахифа чамъ оварда шудаанд. Щеърхои бехтарин аз шоирон аз чумла рубоихо, дар васфи модар, , падар, рафик, дустдошта, бобо, биби, бародар, хохару апа, устод-муаллим, рохбар ва дигар нафарон хам мавчуданд. Апаи азиз, «Ном» ва дугонаи арҷманд, «Ном»! Шуморо бо фарорасии мавлуди хуҷастаатон самимона таҳният мегӯем. Бароятон, қабл аз ҳама умри дарози бехазон, толеи баланд ва хушбахтии ҷовидонаро таманно дорем. Бигузор ҳамеша зебою кушодачеҳра ва дар коргаҳи мо бимонед. Аз даргоҳи Офаридгор талаб менамоем, ки ҳамеша шуморо саодатманду нерӯманд ва толеъбаланду фараҳманд дар паноҳаш нигоҳ дорад. Мо, ҳама, шуморо дӯст медорем. Шуморо ба ин санаи мубораки умратон таҳният гуфта, хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад. Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад, Сари болои ту то Каҳкашон бошад. Шуморо бо ҷашни «чанд? » — солагии зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд! Туро бо ҷашни фархундаи мавлудат сидқан шодбош мегӯям. Таманнои онро дорам, ки дар таҳсил ва дар зиндагӣ ҳамеша муваффақ бошӣ. Аз Худованд талаб менамоям, ки бароят умри дарозу бахти накӯро арзонӣ дорад. Мавлуди хуҷастаро аз самими қалб таҳният мегӯям. Аз даргоҳи Офаридгори пок хоҳонам, ки ҳамеша чун имрӯз зебою ҷавон ва нерӯманду саломат бимонӣ. Ман таманнои онро дорам, ки хуршеди ҷаҳоноро доимо бар сарат нурафшонӣ кунаду дасти каму рӯзи ғамро набинӣ. Чу Саъдӣ пир гардӣ, кам набинӣ, Чу Ҳофиз шод бошӣ, ғам набинӣ. Чу Ҷомӣ оқилу фархунда бошӣ, Чу Сино дар дилу дар дида бошӣ. »-и хушрӯяку дӯстрӯяки мо! Яксолагии рӯзи мавлудатро ба як ҷаҳон орзую умедҳо табрик гуфта, аз яздони пок ширинтарин лаҳзаҳои кӯдакиятро таманно дорем. Орзуи онро мекунем, ки: Нигаҳбонат Худо бошад, Паноҳат Мустафо бошад. Ҳабибат ҷилди Қуръону, Ҳаётат босафо бошад. Бо эҳтиром, «Ном ё якчанд номҳо? »-и зебо илоҳо бахт ёрат бод, Илоҳо то абад ёрат дар канорат бод. Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед, Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед. Эй офтоби нозанини зиндагӣ ҳамеша дурахшон бимон. Муборак зодрузат модари ҷон Набинад гам вуҷудат модари ҷон Танат бедард боду хотират шод Ки ман гуям дурудат модари ҷон. Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд ҳоятон , «Ном ё якчанд номҳо? Зеботарин Фариштаи осмони ман, Худованд туро офарид то модари ман боши ман ба худ ифтихор мекунам, ки чунин модаре дорам. Модаре ки ҳарчи бихоҳам уро тавсиф кунам калимот ёриям намекунанд. Таваллудат муборак модари меҳрубонам! Аё модар лабат дар ханда бошад, Гули руят моҳи тобанда бошад. Барои заҳмате бар мо кашидӣ, Ба поят сар ниҳем арзанда бошад. Аз самими қалб ва бо эҳтиром фарзанд ҳоя -тон, «Ном ё якчанд номҳо? Барои ту, ки солҳои ҷавоният дар обилаи дастонат пинҳон шудааст ва бар лабҳоят муҳри сукут хурдааст. Дастонатро бар руям бикаш, мехоҳам зери онро ламс кунам то шояд у бигуяд ки чиқадар бароям заҳмат кашидаи. Падар то ҳол ҳар чи доштаам аз ту будааст, барои доштаҳои дирузу имруз аз ту муташаккирам. Таваллудат муборак ва рузат ииромӣ бод падарҷон. Бо эҳтироми самимӣ фарзанд ҳоя -тон, «Ном ё якчанд номҳо? Марди дарё, марди дилҳо Бо ту зиндагӣ боғе ҳаст,бе ту сарду зиндон. Ҳарчи дорам аз ту дорам,туи баҳори орзуҳо. Ҳанузам агар аз дастам нагири , меафтам аз по… Падар таваллудат муборак! Орзуям ҳама сарсабзии ту аст. Тани ту солиму рӯхат шодоб, ончи шоистаи туст хоҳонам. Дили якдонаи ту сабзу баҳорӣ, рузгорат хуш бод. », хоҳар апа -и меҳрубонам муборак! Рӯзи таваллуди ту, рӯзи нигоҳи борон, Бар шӯразори ташна, бар ин дили биёбон. Рӯзи таваллуди ту гуё пур аз хаёл аст, Ёсу кабутару бод дар ҳайрати ту хоб аст. Бо самимият ва эҳтироми беандоза хоҳар апа -ат «Ном? », зебоигии ишқ, покии садоқат, авҷи меҳрубониву ниҳояти оромиш… ин ҳама дар канори ту бароям маънӣ пайдо кардааст. Ту қалбе ба бузургии дарёву рӯҳе ба вусъати осмонҳо дори. Умедворам ҳамеша шодоб, хандону солим бошӣ. Зодр ӯзат муборак ай ишқам! Ҳар субҳ туро сафо расонад, Ҳам давлати бебаҳ о расонад. Бар рузи таваллудат азизам, Сад бори дигар Худо расонад. Бо эҳтироми беҳудуд ошиқи шайдоят «Ном? Шуморо бо рӯзи мавлудатон аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тамоми хӯшиҳои оламро таманно дорам. Бигзор дар қалбу забони Шумо номи Худованди бузург ҳамеша акси садо диҳад. Дар гуфтору кирдоратон Куръон ҳамеша раҳнамо гардад. Бигзор нури Имон рӯҳу ҷ онатонро равшанӣ бахшад, имонатон бузургтар гардад. Ҳамеша дар нигаҳбонии Худованди меҳрубон бошед. Аз даргоҳи Худованд ба Шумо: тансиҳатӣ, хонаободӣ, осмони соф, хӯшбахтӣ ва умри дарозро хоҳонам. Мавлудат муборак бошад дӯстам!!! Бо эҳтироми беҳудуд дустат «Ном? Муборак зодрузат бошад эй дуст, Ситора бар сарат гул пошад эй дуст. Бо эҳтироми камол дустат «Ном? » Ниҳоли қоматат пурбор гардад, Туро умри наку ҳам ёр гардад. Дар ин дунё бизи сад соли дигар, Ки дунё аз паят гулзор гардад. Тамоми хонавода бар ту гуянд, —— рузи мавлудат муборак. Ту гули шукуфтаруи ҳама гулфишон, ту баҳори бехазони ҳама бехазон бимони. Ҳама дам кунем дуоят ки чунин ҷавон бимони. Кунад хуршеди бахтат нурфишонӣ, Ба коми дил бирас дар зиндагонӣ. Чу дустонат бигуфт бо меҳрубонӣ, Умедам ҳасти, хушбахте бимони. Борони бахт резад эй кош бар сари ту, Хезад навои шодӣ аз бому аз дари ту. Эй кош —- ту умр бини дар даҳр, Бошад доим худованд, ёри ту ёвари ту. Гули зебандаи аёми навруз, Муборак бодат ин мавлуд ин руз. Набинӣ дар ду олам дарду ғамро, Саодат хоҳамат ҳам бахти фируз. Имдоди Худой бод ёрат, Иқболи замона дар канорат. Чашме нарасад ба эътиборат, Ҳифзи азалӣ бувад нисорат. Ҳамеша шодкому шодмон бош Ҳамеша рӯҳбахши дустон бош. Ба маҳфилҳо гули руи сабад бош Ҳамеша дил бидеҳу дилситон бош. Хоҳам хонаат ба кудакони хандабарлаб пур бод Худ миёни он ҳама гулғунчаҳо хандон бош. Зиндагӣ бо рангҳояш чун асал дар коми туст Офтоби бахт доим дар сарат нурпош бод. Ҳамеша бахтёру шод бошед Зи дарду ранҷу ғам озод бошед. Зи гулзори муҳаббат гул бичинед, Рухи зарди ҷудоиро набинед. Худо доим нигаҳдори ту бошад, Калиди бахт мададгори ту бошад. Ба дунё омади баҳри ҳама, Каси хушбахттарин ёри ту бошад. Гули себарга пояндози поят, Ҳама хушбахтиҳои дунё бароят. Бихоҳам бар ту умри Саъдиёна, Бихоҳам ҷону дилро шодиёна. Рухат хуршедсон пурнур бодо, Ғаму ғусса зи ҷонат дур бодо. Туро ҳусни накӯву дилнишин бод, Хушиву некрузиҳо қарин бод. Зи қалбат ғуссаву ғам дурр гардад, Ҳаётат мисли номат нозанин бод. Эй баландахтар Худоят умри ҷовидон диҳад, Он чи пирузию баҳрузӣ дар он аст он диҳад. Ҷовидон нафси шарифат бандаи фармон диҳад, Баъд аз он бар ҷумлаи фармони ҳақ фармон диҳад. Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ, Аз домани умедат,гулдастаҳо бичинӣ. Туро орзу дорем давлату ганҷ, Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ. Аз бахт хандонат бинам, Чун лаъл рахшонат бинам. Дар ҳар баҳори умри худ, Доим гулафшонат бинам. Эй чашмаи ишқи ман ,хурӯшон бошӣ, Эй моҳи муҳаббатам,дурахшон бошӣ. Дар рузи таваллудат дуое дорам, Эй боғи саодатам , гулафшон бошӣ. Ту бахти модари ту бахтёри, Падарро такягоҳ дар рузгорӣ. Зи ту дорад ҳама уммедворӣ, Чу номат дар ҷаҳон шодӣ биёрӣ. Маҳу осмон бошад раҳнамоят, Замину осмон гуям саноят, Ҳамеша гул бирезад зери поят, Калиди бахт бошад даркушоят. Эй ҳусни баҳор зодрузат табрик, Бо бахт ҳазор зодрузат табрик. Хушбахту саодату саломат бошӣ, Бо авҷу барор зодрузат табрик. Ҳамеша шодмону хушнаво бош, Барои дустон обу ҳаво бош. Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон, Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош. Шуморо нозанин гуем хато нест, Ба дунё беҳтарин гуем хато нест. Ба боғи ҳусн лабҳои таратро, Чу барги ёсамин гуем хато нест. Ҳарки боши одами арзанда бош, Гул барин бо чеҳраи пурханда бош. Ҳар ки гирад домани покат ба даст, Бахт шав,иқбол шав, поянда бош. Фурӯғи дидагонат кам нагардад, Ғаме бар шодии ту зам нагардад. Ниҳоли умри худ дилшод бинӣ, Ниҳоли орзуят хам нагардад. Ҳар чи мақсуди дилат бошад диҳад парвардигор, Гар ту як бошӣ Худо бидиҳад ҳазору сад ҳазор. Хохамат ишқ —ишқи яктое Ки ба дарё чунин омӯзад. Хоҳамат бахт — бахти яктое, Ки дили зиндагӣ барафрузад. Ба руят осмон дар ханда бошад, Ҷамолатро ҳама гул банда бошад. Ба ин айёми некӯ зодрӯзат, Ҷаҳон дар пеши ту афканда бошад. Бар чил ки расидаи гулафшон бошӣ, Дар кишвари меҳр моҳи даврон боши. Қадат гул,чеҳра гул,пироҳанат гул, Лабат гул,остин гул,доманат гул. Ба ин гулҳо ,ки дори дар сару по, Ки парварда ба рузи зоданат гул. АЛифбо барои сухан гуфтан нест, Барои навиштани номи туст. Ададхо пеш аз таваллуди ту ба саф истодаанд, То рози зодрузи туро бидонанад. Садои як парвоз, Фуруди як фаришта. Огози як меъроч, Ва шуруи як зиндаги. Ин хадяи осмони чашмонат, Дилбаста ба шамъдони чашмонат. Эй ишк таваллудат муборак, калбам, Такдим ба мехрубони чашмонат. Манбаъ: Имдоди Худой бод ёрат, Икболи замона дар канорат. Чашме нарасад ба эътиборат, Ҳифзи яздони бувад нигорат. Намехоҳам сарат хамгашта бошад, Намехоҳам дилат ғамгашта бошад. Фақат хоҳам дар ин дунёи равшан, Дилат шоду лабат пурханда бошад. Хоҳамат ишқ ишқи яктое, Ки ба дарё чунин омузад. Хоҳамат бахт-бахти яктое, Ки дили зиндагӣ барафрузад. Забони ҳақ шиори безабон бош, Нишони ворисони бенишон бош. Аламбардори руҳи сарбадорон, Бақоҷуи дуои модарон бош, Азизи мо, азизи сад ҷаҳон бош. Ё раб камоли офаридаат бардавом бод Иқболу давлату шарафат мустидон бод. Солу моҳат мубораку рӯзу шабат ба хайр Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод. Осоиши умри мо шумоед Бар риштаи меҳри мо вафоед. Дар ҳар нафасе шумо бо моед Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед. Таманно мекунем бо қалби саршор , Шуморо бод бахти хуш мададгор. Дар синаат базми тарабу сур бошад Ҷонат зи ғами ранҷу бало дурр бошад. Орзуву дуои мо бароят ин аст Наврӯзи умрат шукуфта пурнур бошад. Мавлуди хуҷастаат бахор асту баҳор, Икбол ба бар намуда давлат икбол ба канор. Дар рузи таваллудат таманно дорем Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор. Шукри оби чашмасорон мекунам, Шукри дашту куҳсорон мекунам. Шукри нону хок мегуям мудом, Шукри номи поки Яздон мекунам. То чаҳон бошад,ҳамеша шод бош, Бош дилшоду зи ғам озод бош. Ҳастии ту хуррамӣ бахшад ба мо, Мо дуо дорем чу шаҳ обод бош. Муборак бод шуморо ҷашни зодруз, Шумо зеботаред зебо дар ин руз. Гули нози, маҳи нозӣ, шаҳи ноз, Илоҳо то абад бошӣ сарафроз. Зодрузи ту буи баҳор оварда, Пайғоми фараҳ ба рӯзгор оварда. Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем, Дар хонаи ту файзи фаровон бинем. Дар дил ба ҳар уммед ки дори бираси, Мо шодию бахти хеш дар он бинем. Мавлуди накуи умр бодо табрик, Ин як зи ҳазори умр бодо табрик. Дар авҷу барор бахту толеъи ту бод, Ин авҷу барори умр бодо табрик. Ҷуз дуоят нагуем , ки Рудакӣ гуфта, Сад сол бизи, сад ҳазор сол бизӣ. Қади сарват ба Илоҳо хам нагардад, Дили шодат ба даври ғам нагардад. Дуои мо ҳамин бошад шабу руз, Ки як муй аз сари ту кам нагардад. Тамоми ҳастии дунё бароят бод мегуем, Ҳамеша сарбаланду хонаат обод мегуем. Бубини умр то яксаду ҳаштод мегуем, Туро бо зодрузат мо муборакбод мегуем. То ту боши рӯнамои бахти ман рӯи ту бод, Сарҳисоби зиндагиям бар сари куи ту бод. Дилкашоли тустам, дар ҳар мақому ҳар замон, То аҷал чашмам напушад чашми ман суи ту бод. Аё —— зебо, ситора дар замин ҳасти, Аё ——- доно, ту моҳе дилнишин ҳасти. Камоли ту ба дилҳо равшании тозае бахшад, Аё —— , хуршеди яктое , ту нури нозанин ҳасти. Лабонат доимо пурханда бошад, Ғами дунё зи ту дилканда бошад. Ҳама рӯзу ҳама моҳу ҳама сол, Бароят ин ҷаҳон арзанда бошад. Си баҳори пурсафоро дар задӣ, Ту гули садбарги тар бар сар задӣ. Зинда бош эй шуълаи хуршеди мо, Зинда бош эй хонаи уммеди мо. Шавед садсолаю дарде набинед, Зи умри хушгузар гарде набинед. Зи умри хушгузар эй гул ба домон, Ба сад соли дигар гарде набинед. Қади сарват илоҳо хам набинад, Дили шодат илоҳо ғам нагардад. Илоҳо бошию садсола боши, Ба болои сари мо соя боши. Сар сабзу бадан саломату чеҳра ба нур, Иқбол ба каф, ба сина шодиву сурур. Ёрон ба канору зодрузат хушруз, Эй бор Худо,чашми бад аз руи ту дур. Ба маҳфил моҳи тобон дар гулистон рангу бу бошӣ, Илоҳо ҳар куҷо бошӣ баҳори орзу боши. Илоҳо ҳарду хушбахти замину осмон бошед, Ҳар он чи дар ҷаҳон хуб асту зеботар ҳамон бошед. Табибон посбони бахти инсонанд, Табибон роздони дардмандонанд. Зи ту миннатдор ҳастем шифокор, Ба дарди мо даво бахшо шифокор. Илоҳо сарбаланд боши ҳамеша, Наҷотбахшу давобахши шифокор. Ба сад рафтан таманноро, Бидидем дар хати фолат. Хоҳам аз номи Худо баҳри ту умри безавол, Шӯҳрати Фирдавсиву ширинии шеъри Камол. Илоҳо мисли моҳ тобанда боши, Чу ғунча бо лаби пурханда бошӣ. Ҳамеша мо дуогуи ту бошем, Ки дар олам каси арзанда боши.
Last updated